Оғози савдои сомонӣ дар биржаи Маскав

© Sputnik Таджикские сомони на столе
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Аз 31 октябр дар биржаи Маскав савдои ҷуфти сомонӣ - рубл оғоз шуд, ки гуфта мешавад барои таҳкими ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Биржаи Маскав муомилот бо ҷуфти арзии сомонӣ - рубли русиро аз соати 07:00 ба вақти Маскав оғоз кард.
Иштирокчиёни савдо ва муштариёни онҳо ба муомилоти бозорӣ бо ҳисоббаробаркуниҳо бо нишондоди "имрӯз"-у "фардо" ва инчунин свопҳои "overnight" дастрасӣ хоҳанд дошт.
Тавре дар Биржаи Маскав тавзеҳ доданд, воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои "имрӯз" аз соати 07:00 то 10:45 ба вақти Маскав ва бо ҳисоббаробаркуниҳои "фардо" аз соати 07:00 то 23:50 ба вақти Маскав муомилот хоҳанд шуд. Муомилоти "overnight" аз соати 07:00 то 11:00 ба вақти Маскав имконпазир мегардад.
Роҳандозии ин иқдом дар ҳолест, ки он як унсури муҳими инфрасохтори рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо пулҳои миллӣ байни Русия ва Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Интиқоли пул осону арзон мешавад. Иқтисоддон суди пайдоиши сомонӣ дар биржаи Маскавро гуфт
Савдои биржавии ҷуфти нави асъор имкониятҳои конвертатсияи мустақимро барои бонкҳо, брокерҳо ва мизоҷони онҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ васеъ мекунад. Ин ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии берунӣ низ дахл дорад.
Ҳамчунин дар биржаи Маскав муомилоти ҷуфти рубли Русия ва соми Қирғизистон низ оғоз гардидаст.
Дар баробари ин муқаррар шудааст, ки аз 31 октябр вақти муомилоти ҷуфтҳои арзии "рубли беларусӣ - рубли русӣ", "тангаи қазоқиӣ - рубли русӣ", "доллари ИМА - тангаи қазоқӣ", "юани чинӣ - рубли русӣ", "доллари ИМА - юани чинӣ", "лираи туркӣ - рубли русӣ", "ранди Африқои Ҷанубӣ - рубли русӣ" ва "доллари ИМА - ранди Африқои Ҷанубӣ" ним соат зиёд карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0