ФФТ исми доварони бозии Тоҷикистону Русияро эълон кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкАрбитр на футбольном поле
Арбитр на футбольном поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Рақобати мунтахабҳои Тоҷикистону Русияро доварони сатҳи байналмилалӣ ва беҳтарин дар сатҳи Конфедератсияи футболи Осиё ҳакамӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Русия ва Тоҷикистонро доварони ӯзбекистонӣ ҳакамӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳайати доварон аз Ӯзбекистонро барои ҳакамӣ ФФТ даъват кардааст.
Ҳамин тариқ вазифаи довари марказии ин бозиро довари 38-солаи ФИФА Илгиз Танташеви ӯзбек, ки ба категорияи доварони элитаи КФО шомил аст, иҷро мекунад.
Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Тимур Гайнуллини 40-сола ва Андрей Сапенкои 35-сола кӯмак мекунанд.
Футбол. ЧЕ-2020. Матч Бельгия - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
"Осон нахоҳад буд": коршинос ғолиби бозии Тоҷикистон ва Русияро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки бозии мазкур рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешавад. Оғози рақобат соати 20:00 муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин дидори мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия дар таърих аст.
Коршиносон дар бораи бозии мазкур назарҳои гуногун дошта, бештар бартариро ба тими русия нисбат медиҳанд, аммо дар баробари ин аҳамияти бозӣ ва таҷрибаи онро барои яккачини Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ин бозии мақоми расмӣ хоҳад дошт.
"Тибқи созишномаи имзошуда миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия, ин бозии расмии дӯстонаи байнулмилалӣ хоҳад буд", - гуфтанд дар ФФТ.
Лентаи хабарҳо
0