Дар марзҳои Ӯзбекистон гуруҳҳои нави низомӣ пайдо шуданд: чӣ боис шуд?

© AP / Emrah GurelАфганистан, граница
Афганистан, граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Обуна шудан
Ҳукуматдорони ҷумҳурӣ барои муҳофизати марз гуруҳҳои нави хизматчиёни ҳарбӣ ташкил карданд. Дар ин ҷо тадбирҳои фаврию амалӣ низ андешида шуданд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Ӯзбекистон барои ҳифзи манотиқи марзӣ 120 гурӯҳи вижаи мобилӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ин кишвар иттилоъ додааст.
Ба ҳайати нав кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Гвардияи миллӣ шомиланд.
Вазифаи асосии онҳо таъмини суботи вазъи оперативӣ-криминогенӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.
Дар бораи таъсиси гуруҳҳои нав зимни як мизи гирд хабар дода шуд, ки иштирокчиёни он самтҳои асосии ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳифзи сарҳадро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин маълум шуд, ки дар моҳҳои март ва августи соли 2022 дар манотиқи марзии Ӯзбекистон, ки дар он 1 миллиону 600 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, тадбирҳои оперативӣ ва профилактикӣ анҷом дода шуданд.
Переговоры представителей Талибана на границе с Узбекистаном с военным руководство Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Дидори масъулони сарҳадии Зуни шимоли толибон бо ҳайати низомии кишвари Ӯзбекистон
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ якҷоя бо чӯпонон, шикорчиён ва кормандони хоҷагии ҷангал беш аз 2,1 ҳазор амалиёти иктишофию ҷустуҷӯӣ анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон ҳодисаҳои норавшан дар марзи ҷумҳурӣ ва Ӯзбекистон зуд-зуд ба қайд гирифта мешуданд. Дар ин ҷо чанд тирпарронӣ низ сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ, дар авохири моҳи август беш аз 20 шаҳрванди Афғонистон бо мақсади ба фурӯш баровардани решаи ширинбия ба ҷазираи Арал-Пайғамбари вилояти Сурхондарё ғайриқонунӣ ворид шуданд.
Марзбонони ӯзбек бо задухӯрд 24 нафарро, ки муқовимат нишон доданд, боздошт карданд. Дар натиҷа ду нафар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0