Шатранҷбозони тоҷик барои Ҷоми президент ва 100 ҳазор сомонӣ мубориза мебаранд

© PixabayШахматы
Шахматы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Обуна шудан
Мусобиқа дар чаҳор марҳила сурат мегирад ва ба категорияҳо байни бозигарони касбӣ ва ҳаваскорон тақсим шуда, ғолибонро мукофотҳои пулӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ шатранҷбозон барои ба финали Ҷоми президенти Тоҷикистон баромадан мубориза мебаранд.
Дар марҳилаи аввал мусобиқаҳо дар маҳаллаҳо, деҳоту шаҳракҳо, дар вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо баргузор гардиданд. Интихоби марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар давоми сол гузаронида мешавад.
Тавре Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пас аз марҳилаи аввал дар манотиқ ва шаҳрҳои мухталифи кишвар набардҳои шоҳмотбозӣ баргузор шуданд.
"Шатранҷбозони Душанбе дар марҳилаи севум рақобат мекунанд. Марҳилаи охирину чорум ҷумҳуриявӣ хоҳад буд. Он то охири сол баргузор мешавад", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба шоҳмот соли 2019 таъсис ёфта буд. Мусобиқа дар 4 марҳила баргузор мешавад. Онҳо дар байни бозигарони касбӣ ва ҳаваскорон гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
Одна из участниц из Таджикистана на Всемирной шахматной олимпиаде в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Мавқеъҳои нави шатранҷбозони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ аниқ шуд
"Ҳоло мо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани набардҳои ниҳоӣ барои Ҷоми Президент-2022 омодагӣ мебинем. Муборизаи хуб ва бозиҳои аълои шоҳмотро интизорем!" — гуфт Юнусов.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқоти дастаӣ барои ҷойи аввал 30 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар мусобиқаҳои инфиродӣ маблағи умумии ҷоиза 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0