Барфу борон: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© PixabayГоры в Таджикистане. Архивное фото
Горы в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳавои абрнок дар назар буда, ҳарорат дар ВМКБ то 11 дараҷа, Суғд то 16 дараҷа, Хатлон то 21 ва Душанбе то 16 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм дар назар аст.
Суғдро низ ҳаво қисман абрнок фаро гирифта, дар водиҳо баъзан борон пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст, ки рӯзон дар бархе аз навоҳӣ шиддат мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок ва дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар аст. Махсусан дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб борони бошиддат меборад, мегӯянд ҳавоошиносон. Ҳарорат дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар қисматҳои водигии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борон дар назар буда, манотиқи куҳиро барфрезӣ фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад ва махсусан рӯзона шиддат мегирад. Ҳарорат шабона 10+12 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0