Футболбози шинохта натиҷаи бозии Тоҷикистону Русияро пешгӯӣ кард: чанд мешавад?

© Федерация футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Бозигари шинохтаи тоҷик дар бораи рақобати дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Русия изҳори назар кард ва натиҷаи эҳтимолии онро пешгӯӣ намуд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Русия, ки нахустин маротиба дар таърих аст, ҷолибу беназир хоҳад буд.
Дар ин бора Футҳуллоҳ Фатҳуллоев бозигари тими "Регар-ТадАЗ" ва мунтахаби Тоҷикистон изҳор дошт.
"Ба ҳама маълум аст, ки тими миллии мо ҳам қавӣ ҳаст ва имкони нишон додани бозии сазоворро дорад. Аз он ки ин аввалин бозии яккачини кишвар бо Русия аст, ҳама бозигарон талош хоҳанд кард, ки тамоми маҳорати худро сарф намоянд", - афзуд бозигар.
Футболбози тоҷик афзуд, бояд эътироф кард, ки фаворити бозӣ тими Русия аст, вале бачаҳои мо низ ҳунарнамоии сазовор хоҳанд кард ва ин як таҷрибаи хуб низ хоҳад буд.
Ба таъкиди ӯ, бозӣ барои тамошобинон низ ҷолиб хоҳад буд ва 25 ҳазор тамошобине, ки барои дидану ҳаводорӣ аз яккачини кишвар ба майдон меоянд, ба бозигарон нерӯву масъулияти иловагӣ зам хоҳад кард.
Бино ба пешбинии фатҳуллоев натиҷаи рақобат 1:1 ва ё 2:2 хоҳад шуд.
Арбитр на футбольном поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
ФФТ исми доварони бозии Тоҷикистону Русияро эълон кард
Қаблан собиқ мураббии тими миллии Тоҷикистон Дамир Камолитдинов гуфта буд, ки бозӣ барои русҳо осон нахоҳад буд.
Ӯ бар ин бовар аст, ки сармураббии тими миллии футболи Русия Валерий Карпин метавонад дар бозии дӯстона навкоронро ба ҳайати мунтахаби кишвараш ҷалб кунад, ки сатҳи бозии онҳо аз бачаҳои тоҷик чандон боло нест.
Бо даъвати мухлисон: Фатҳуллоев имкон дорад, расман тарки мунтахаби Тоҷикистон кунад
"Ба фикрам, дастпарварони Питер Сегрт дастаи Русияро маҷбур ба резонидани арақи ҷабин мекунанд. Фикр мекунам, ки варзишгоҳ пур мешавад ва ин ҳам тоҷиконро ба таври мусбат ҳавасманд мекунад. Дар футзал бартарии Русия хеле баланд аст ва ин ду бозӣ ба мо аз русҳо дида фоиданоктар аст", — гуфт мавсуф.
Шогирдони Валерий Карпин ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт рӯзи 17 ноябр бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0