Ҷузъиёти фуруди садамавии ҳавопаймои масири Душанбе-Иркутск маълум шуд

© Sputnik / Максим БлиновСамолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото
Самолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Маълум шуд, ки тормозҳои ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Иркутск баста шудаанд - ин сабаби пешакии ҳодисаи изтирорӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои Airbus A320, ки аз Душанбе парвоз кард, ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Иркутск дар тормози он мушкил пайдо шудааст.
Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Русия фуруд омад.
Аз сабаби он ки чор чархи ҳавопаймо даридааст, онро то ҳол аз хатти парвоз берун кардан имкон надорад.
Гуфта мешавад дар дохили он 70 мусофир ва панҷ узви сарнишин будаанд, аммо ба таъкиди манобеъи дигар, дар ин ҳавопаймо афроди бештаре буданд.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Нишасти садамавии ҳавопаймои масири Душанбе дар Иркутск: тафсилоти вазъияти изтирорӣ
Хадамоти матбуоти фурудгоҳ гуфтааст, ки дар натиҷаи фуруд омадани изтирорӣ касе осеб надидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Мутахассисон мушаххас мекунанд, ки дар давоми тақрибан ду соат хатти парвозро озод кардан имкон аст. Дар ҳамин ҳол онҳо барои иваз кардани чархаи кафида чархҳо меҷӯянд.
Ҳамчунин маълум аст, ки фурудгоҳи Иркутск ба далели фуруд омадани изтирории ин ҳавопаймо муваққатан баста шудааст.
Ҳавопаймоҳо муваққатан парвоз намекунанд, чор парвози омадаро ба Улан-Удэи ҳамсоя равон мекунанд. Қарор аст, фурудгоҳ пас аз соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз шавад.
Лентаи хабарҳо
0