Харҷи Тоҷикистон аз дахлаш дар соли оянда 1 млрд сомонӣ бештар пешбинӣ шудаст

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар тарҳи қонуни буҷаи давлатии Тоҷикистон, ки ахиран ҳукумат тасдиқ намуд, даромади давлат аз хароҷот ҳудуди 1 млрд сомонӣ камтар пешбинӣ гардидаст
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ҳудуди 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин нукта дар лоиҳаи қонун "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023" ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 зикр шудаст, ки ахиран аз ҷониби ҳукумат қабул гардид.
Бар асоси ин тарҳ, даромади буҷаи давлат дар соли оянда аз соли ҷорӣ ҳудуди 12,3% ва ё 4,1 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ 38,1 млрд сомониро ташкил додаст, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли оянда дар муқоиса бо соли ҷорӣ 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Бо фармони президент маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад
Таъкид шудаст, ки самти асосии хароҷоти буҷа чун солҳои қаблӣ иҷтимоӣ мебошад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки тарҳи буҷаи соли оянда барои татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур додаст, ки уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0