Идомаи сафари Раҳмон дар Хатлон: куҷо рафту чиро кушод

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на открытии макаронного цеха
Эмомали Рахмон на открытии макаронного цеха - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Рӯзи дуюми сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз маркази маъмурии он - шаҳри Бохтар ва ифтитоҳи чанд иншоот оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корияш дар шаҳри Бохтар корхонаҳои истеҳсолию муассисаҳои иҷтимоиро ба истифода дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер”-ро мавриди истифода қарор дод.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва панҷсолаи рушди саноат бунёд гардидааст.
Асфальтирование дороги Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Соҳибовҳо роҳи як маҳалларо дар Бохтар таъмир мекунанд
Ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки корхона асосан аз ашёи хоми дохилӣ истифода намуда, дар он беш аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Президант дар Бохтар ҳамчунин корхонаи "Деҳаи ман"-ро ба истифода дод, ки ки навтаъсис буда, ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул мебошад.
Таъкид гардид, ки корхона бо дастгоҳҳои муосири истеҳсолии тавлиди Русия, Чин ва Беларус таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро банду баст ва барои фурӯш омода месозад.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон дар Бохтар бинои иловагии таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни муассисаи ғайридавлатии таълимии "Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки шароити таълиму табобат дар ин муассисаро беҳтар месозад.
Лентаи хабарҳо
0