Эрдуғон аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки бо Путин баҳс накунанд: ӯ нафаре нест, ки ақиб равад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
Эрдуғон мегӯяд, Путин касе нест, ки бо танқид қадаме ба ақиб гузорад. Вай ба сиёсатмадорони ҷаҳон маслиҳат дод, ки муносибати дурустро нисбат ба Русия пеш гиранд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сиёсатмадорони ҷаҳонро танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, бархӯрди онҳо ба раҳбари Русия Владимир Путин нодуруст аст.
Ӯ дар ин бора зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии A Haber изҳор дошт.
Вай гуфт, ки чанде пеш дар Прага дар саммити Иттиҳодияи сиёсии Аврупо ширкат варзид ва дар он ҷо бо ҳамкасбон мулоқот кард. Вай ба онҳо хато будани чунин бархӯрдро нисбат ба Русия фаҳмонд.
"Агар шумо ба як давлате мисли Русия бархӯрдҳои нодуруст нишон диҳед, Путин худро ба ҳайси раҳбар муаррифӣ хоҳад кард, на руҳафтодашуда. Русия яке аз мӯътабартарин кишварҳои ҷаҳон аст ва оё шумо мехезед ва ба ин гуна ҳамлаҳо "ҳа" мегӯед? Ин имконнопазир аст", - таъкид кард, Эрдуғон.
Рабочий на газовом хранилище в Будапеште - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Дар Туркия аз таслимшавии наздики Аврупоро бинобар норасоии газ пешгӯӣ карданд
Вай ҳамчунин афзуд, ки раиси ҷумҳури Русия он гуна сиёсатмадор нест, ки "таҳти фишор болояш як қадам ба ақиб гузорад".
Ҳамин тариқ, раҳбарони ҷаҳон оҳиста-оҳиста мавқеи худро нисбат ба Путин тағйир медиҳанд.
Яке аз онҳо, ба гуфтаи Эрдуғон, Олаф Шолс, садри аъзами Олмон буд.
"Як моҳ пеш вай нисбат ба Путин мавзеъгирии комилан дигарро ишғол карда буд ва ҳоло бархӯрди худ ба Русияро тағйир дода, ба зарурати пайдо кардани забони муштарак таъкид кардааст", - мегӯяд Эрдуғон.
Лентаи хабарҳо
0