Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то куҷо рушд кард: маълумоти нав

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкРазгрузка первого грузового состава в транспортно-логистическом центре
Разгрузка первого грузового состава в транспортно-логистическом центре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Муносибатҳои тиҷоратии байни мамлакатҳо ба таври қобили мулоҳиза рушд карда дар ҳашт моҳ гардиши мол беш аз 22% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия.
Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Муовини вазири рушди иқтисод Дмитрий Волвач қайд кард, ки динамикаи робитаҳо дар ҳама сатҳҳо дар ҳоли рушд аст.
Ҳамин тариқ, қаблан, дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.
Торговый поезд с контейнерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2022
Маскав ба се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд
Дар мавриди ҳузури сармоягузории соҳибкорони Русия дар Тоҷикистон, муовини вазир ҳамчунин аз таҳаввулоти мусбати зерин дар Тоҷикистон – таҳияи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва тағйирот дар қонунгузории андоз таъкид кард.
Волвач ёдовар шуд, ки аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андози кишвар эътибор пайдо кард, ки дар он коҳиши шумори пардохтҳои андоз ва инчунин тадриҷан коҳиш додани меъёри андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0