Маълум шуд, ки ДОИШ* дар Афғонистон аз ҷониби кӣ сармоягузорӣ мешавад

© AP / Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тақивияти гуруҳи террористӣ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо бояк ҳадаф, дур кардани онҳо аз Русия роҳандозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Амрико ва Инглистон дар таҳкими шохаи афғонии террористони ДОИШ* кумак мекунанд.
Дар ин бора Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар матлабе барои рӯзномаи "Низависима" навиштааст.
Ӯ дар бораи афзоиши ДОИШ* навиштааст, ки Омрико ҳамроҳ бо Бритониё дар таҳкими пойгоҳҳои бахши афғонии ин ташкилоти террористӣ кумак мекунад, дар ҳоле ки ба раҳбарони толибон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳдид мекунад.
"Амрикоиҳо якҷо бо шарикони бритониёии худ талош доранд, мавқеъ ва иқтидори харобиовари гурӯҳи афғонистонии ДОИШ*-ро, ки василаи фишор ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аст, таҳким бахшанд", - афзудааст Кабулов.
Ба гуфтаи мавсуф ин амалҳо танҳо ҳадафи дур кардани онҳо аз Русияро дорад.
Вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо таҳдиди ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва шантажи ошкоро раҳбарони толибонро ташвиқ мекунад, ки худро аз Русия ва Чин дур кунанд.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Ҳушдори прокурор аз нияти "ДОИШ"*: Азми таҷовуз ба Тоҷикистон ва ОМ аён шуда истодааст
Кабулов таъкид кард, ки барои он ки ин тадбирҳо "дастгирии васеи байналмилалӣ" дошта бошанд, "тамосҳо"-и Иёлоти Муттаҳида ва "шарикони итоаткор"-и онҳо давра ба давра баргузор мешаванд.
Ӯ мегӯяд, расонаҳои ғаразноки ғарбӣ, ки бархе аз ҳаммаслакони русашон аз ҷумлаи коршиносони “диван”-и масоили Афғонистонро таҳлил мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ аз ин сарзамини ранҷдида дидан накардаанд, ба онҳо пайвастаанд ва ба кумаки молии соҳибони хориҷиашон умед мебанданд.
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
Изҳороти Кабулов дар ҳолест, ки қаблан мақомоти амниятӣ ва президенти Тоҷикистон низ аз интиқоли гуруҳҳои террористӣ ба шимоли Афғонистон, ки бо ҷумҳурӣ марзди дарози муштарак дорад, изҳори нигаронӣ карданд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0