Дар Маскав нишасти навбатӣ оид ба Афғонистон доир мешавад: эътирофи толибон дар назар нест

© Sputnik / Александр НатрускинСпециальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Нишасти навбатии Маскав оид ба вазъи Афғонистон бидуни ҳузури Амрико доир мешавад. Ба ҷои он дар ин чорабинӣ Эрон даъват шудааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия аз баргузории нишасти Маскав дар бораи Афғонистон хабар дод.
Замир Кабулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия ва мудири бахши дуввуми осиёии вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки баргузории нишасти формати Маскав дар бораи Афғонистон дар нимаи моҳи ноябр дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки нишасти навбатӣ бидуни ИМА доир мешавад.
"Таҷрибаи муколама бо амрикоиҳо дар шаклҳои мухталифи чандҷониба, аз ҷумла истилоҳи “Тройка” (Русия, Чин, Амрико, Покистон) нишон медиҳад, ки “ҳамкасбон дар он минтақа аз онҳо ба манофеи худхоҳонаашон кор мекунанд”,- навиштааст ӯ дар як мақолааш дар рӯзномаи "Независимой газете".
Ба гуфтаи дипломат бо назардошти ин формати Маскав дар назар аст бо ҳузури Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон доир шавад.
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Афғонистон дар доми балои дигар: афзоиши даҳшатбори кишту истеҳсоли маводи мухаддир
"Мо таваҷҷуҳи худро ба рушди амалии равобити дуҷониба бидуни рабт ба эътирофи расмии ҳукумати нави Афғонистон равона мекунем. Мо ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ авлавият медиҳем", - гуфтааст дипломат.
Вай гуфт, ки дар чаҳорчӯби формати Маскав "барои ҳамкории самимонатар бо ширкати Русия, Чин, Ҳинд, Эрон ва Покистон пешниҳод шудааст."
Номбурда гуфтааст, ки миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ як формати ҳамкорӣ бо ширкати Русия вуҷуд дорад ва бархе аз шарикон пешниҳод мекунанд, ки дар бораи роҳандозии машваратҳои намояндагони вижа дар формати Русия-Осиёи Марказӣ андеша шавад, ки албатта, сазовори дастгирӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0