Ронандае тазоҳургаронро дар Бразилия пахш кард – видеои даҳшатнок

Обуна шудан
НовостиTelegram
Эътирозгарон алайҳи натоиҷи интихоботи президентӣ дар Бразилия роҳҳоро бастаанд: яке аз ронандагон ногаҳон мардумро пахш кард
Бар асари ин ҳодиса дар Бразилия беш аз 16 нафар маҷрӯҳ шуданд. Навори ин ҳодисаро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр карданд.
Ҳодиса дар роҳе рух дод, ки тарафдорони раисҷумҳури Бразилия Жаир Болсонаро онро баста буданд. Онҳо бо бохт дар интихоботи раёсатҷумҳурии розӣ нестанд, аз рӯзи якшанбе ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳҳои шаҳр бастанд кардаанд.
Мошини боркаш дар ноҳияи Рӯдакӣ масъули танзими нақлиётро зер кард
Ба гуфтаи капитани пулиси Сан-Хосе-ду-Рио-Прето, Маурисио Кавалари, маъмурони интизомӣ бо эътирозгарон барои тоза кардани роҳҳо музокироти сулҳ доштанд.
Бо вуҷуди ин, тазоҳуркунандагон роҳро баста буданд. Яке аз ронандагон ногаҳон ба сӯи ҷамъи марудм ҳаракат кард ва бо суръати баланд минёни мардум даромад.
Дар навор мебинед, ки чӣ тавр одамони ором истода ногаҳон пароканда мешаванд, баъзеҳо аз бархӯрдани мошин ба парвоз мекунанд, дигарон дар зери чархи он мемонанд ва баъзеи дигар дар болои мошинанд.
Садамаи пурқурбонӣ: Худрави ҳомили 5 нафар ба дарёи Фон сарозер шуд
Дар миёни қурбониён дасти кам ду кӯдак ва се афсари пулис ҳастанд. Ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ронанда ва мусофири мошин боздошт шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 октябр натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Бразилия ҷамъбаст шуд. Роҳбари кунунии давлат Жаир Болсонаро ва раҳбари Ҳизби коргар Луис Инасио Лула да Силва барои мансаби раҳбар мубориза бурданд. Охирин бо 50,9% раъй дар интихобот пирӯз шуд.
Чанде пас аз эълони натиҷаҳо, баста шудани роҳҳои маҳаллӣ аз ҷониби тарафдорони Болсонаро дар саросари кишвар оғоз ёфт, ки то шоми душанбе миқёси миллиро касб кард.
Лентаи хабарҳо
0