КҲФ: Мардуми ҷамоати Оби Гарм ба ҷои амн кӯчонида шуданд

© КҲФОқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз омадани селҳо ва резиши санг дар матоқими мухталифи кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рӯзҳои 4-5 ноябр боронҳои шадид метавонанд сабаби омадани селҳо, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ шаванд.
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст, ки субҳи 4 ноябри соли равон ба сабаби боришоти зиёд дар манотиқи дар боло зикргардида омадани сел, ярч ва сангрезиро сурат гирифтааст.
Дар километрҳои 351 ва 355-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз бориши боронҳои шадид боиси омадани сел гардид. Ҳоло роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардида дар ноҳияи Фархор замин доданд
Дар ҳудуди деҳаи Мирзои ҷамоати деҳоти Оби Гарми шаҳри Роғун фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он ду бинои истиқоматӣ қисман осеб диданд. Бо мақсади роҳ надодан ба талафот аҳолӣ ба ҷои амн кучонда шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Ҳамчунин бар асари боришоти шадид дар километрҳои 83 ва 85-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт резиши санг ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа роҳ муваққатан баста шудааст. Барои бартараф намудани оқибати сангрезӣ техникаи махсуси шаҳри Роғун сафарбар карда шуданд. Корҳо идома доранд.
Дар километри 94-95-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ляхш, ки аз деҳаи Кумаки ҷамоати деҳоти Ҳакими ноҳияи Нуробод мегузарад, сел фаромад. Дар ҳоли ҳозир ин минтақа баста шудааст, корҳои бартарафсозӣ оқибат идома доранд.
Ҳамчунин, аз омадани сел дар километри 2 то 46-уми шоҳроҳи Лабиҷар - маркази маъмурии ноҳияи Сангвор ба қайд гирифта шудааст. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Сангвор ҷалб гардида, техникаи махсуси муҳандисӣ сафарбар карда шуд. Корҳои тозакунӣ дар қитъаҳои боло идома доранд.
Сход селей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Сел роҳи байналмиллалӣ дар Тоҷикободро баст, вале ҳаракати нақлиёт таъмин аст
Таъкид шудааст, ки бар асари офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, боришоти шадид дар кишвар то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. Хавфи баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, сангрезӣ, фаромадани сел ва ярч боқӣ мемонад.
КҲФ ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандон дар ин рӯзҳо бояд аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза созанд.
Лентаи хабарҳо
0