Пешниҳоди Қирғизистон ба кишварҳои ИДМ: Техникаҳои низомиро аз марз дур баред

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничная вышка в Киргизии. Архивное фото
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба гуфтаи раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон, чунин тадбир ба ҳифзи амнияти байналмилалӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳама талошҳо барои ноором кардани субот кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар қаламрави кишварҳои ИДМ барои нигоҳдории техникаи вазнини ҳарбӣ дар наздикии марзҳо бояд маҳдудият ҷорӣ карда шавад.
Ин гуна пешниҳодро дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов зимни нишасти даҳуми котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ дар Маскав ироа кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, сухан дар бораи танкҳо, тӯпхонаҳо ва мушакандозҳои чандгона меравад.
Илова бар ин, Имонқулов пешниҳод кардааст, ки табодули маълумоти фаврӣ байни сохторҳои дахлдор афзоиш дода шавад.
Встречи и переговоры на высшем уровне между Таджикистаном и Беларусью, 11 октября 2022 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Лукашенко: Худо накунад, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барангехта шавад - видео
Ҳамчунин ӯ пешниҳод кардааст, ки кишварҳои дар бораи воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳ, ки дар наздикии марзҳо ҷойгиранд, ба як дигар маълумоти бештар диҳанд.
Раиси Шӯрои Амнияти Қирғизистон афзуд, "фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои роҳандозии ҳамкориҳо ва дарёфти созишҳо ба манофеи субот ва сулҳ зарур аст."
Вай инчунин таъкид кард, ки амнияти байналмилалӣ набояд ба “ғурури таҷовузкоронаи касе” вобаста бошад ва аз ин рӯ, барои ноором сохтани вазъ муқобилияти самаранокро талаб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0