Пул гирифту хона надод: ВКД марди қаллобро боздошт кард

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Боздоштшуда сокини шаҳри Хуҷанд буда, доғи судӣ доштааст. Ӯ барои содир намудани ҷинояти авбошӣ ҷазо гирифта буд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Марди 39-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз сӯи кормандониҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб 22700 доллари як сокини шаҳри Хуҷандро гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ аз биноҳои навсохт дар масоҳати 70 метр мураббаъ хонаи истиқоматӣ харида медиҳад.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Ифтитоҳи парванда алайҳи се корманди идораи андоз барои қаллобӣ ва суистифода аз мансаб
Манбаъ меафзояд, ҳарчанд маслиҳати онҳо моҳи июнни соли равон сурат гирифт, вале богузашти панҷ моҳ, сокини Хуҷанд на соҳиби хонаи нав шудва на пули додагияшро баргардонд.
Феълан марди қаллоб дар боздошт қарор дорад ва тафтишот алайҳи ин ҳодиса ҷараён дорад.
ВКД мегӯяд, боздоштшуда пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0