Селу ярч роҳҳои мошингарди Суғду Хатлон ва ВМКБ-ро масдуд кард

CC0 / Natalia Kollegova / Сход селей
Сход селей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Боронгариҳои шадид боис ба масдуд шудани роҳҳои мошингард гардид. Феълан ҳамаи роҳҳои басташуда ба ҷуз аз масири Душанбе-Рашт боз аст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Боронгариҳои шадид дар роҳҳои кӯҳии мамлакат боис ба омадани сел ва ярчу сангрезӣ гардид, ки дар натиҷа то як муддати ҳаракати нақлиётро номумкин гардонд.
КҲФ мегӯяд, сел дар километри 37-уми шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ фаромада, ин масирро барои ҳаракати тамоми намуди нақлиёт баст. Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло ин масир бо кӯшиши кормандони Вазорати нақлиёт боз аст.
Ҳамчунин сел ҷодаҳои байнишаҳрии вилояти Суғдро низ халалдор кард.
Борон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Сокинони вилояти Хатлону Дарвозро боронгариҳои шадид интизор аст
Манбаъ аз фаромадани сел дар ҳудуди деҳаи Ёвони ноҳияи Файзобод хабар дода, афзудааст, аз офати табиӣ таҳкурсии бетонии тарафи чапи пули шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар километри 37-ум қисман осеб дидааст. Ҳамчунин, иншоотҳои канори пул низ қисман зарар дид. Ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор бурда, ҳаҷми хисороти расида муайян мекунанд.
Илова бар ин, шаби 4 ба 5 ноябр бар асари боришоти давомдор дар километри 82-юми шоҳроҳи Душанбе-Рашт лой ва сангрезӣ рух дода, ин қитъаи роҳро маҳкам кард. Феълан дар ин қитъаи роҳ рафъи оқибатҳои табиӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 8 ноябр эҳтимоли фаромадани сел, ярч, сангрезӣ ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0