Волидони хонандагоне, ки дар сари ҳамсинфи худ тухмшиканӣ карданд, ҷазо мегиранд

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники идут по улице города Душанбе
Школьники идут по улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Зимни пурсиш муайян шудааст, ки ҳамсинфи онҳо зодрӯз дошт ва бо ҳамин шева ҳамсинфонаш гӯё ӯро муборакбодӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Душанбе дар пайи нашри видеои тухмшикании хонандагон дар яке аз мактабҳои пойтахт падару модари 4 хонандаро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД Душанбе, як гурӯҳ хонандагони мактаб шӯхикунон дар сари талабаи дигаре тухм мешикананд.
Кормандони милитсия дар натиҷаи санҷиш муайян кардаанд, ки ин ҳодиса ҳанӯз моҳи сентябр рух дода, дар видео хонандагони синфҳои 8 ва 10- уми яке аз муассисаҳои шаҳри Душанбе қарор доштанд.
“Зимни пурсиш муайян гардид, ки номбурдагон барои гӯё “табрикот” ва “таҷлили зодрӯз” дар сару рӯи соҳибҷашн тухм мешикананд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, бо гузашти як моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Милитсияи пойтахти Тоҷикистон афзуд, вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба волидайни 4 хонанда тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Бо мошин ба мактаб рафтӣ, модаратро ҷазо медиҳанд: қонуни нав дар Тоҷикистон
Феълан маълум нест, ки волидони хонандагон чӣ ҷазо мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0