Мулоқоти Раҳмон бо Ал-Сувейдӣ: Созиш барои бунёди корхонаи трансформатору НБО

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Миср бо намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайх бо роҳбари Ширкати мисрии "Elsewedy Electric" Аҳмад Ал-Сувейдӣ имкониятҳои сармоягузориро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, дар ин мулоқот таъкид гардидаст, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад, афзуд манбаъ.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар созиши пешакӣ ҳосил шудааст.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Барқ аз шумо, пул аз мо. Оидоти “Ёвон”-ро Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна тақсим мекунанд?
Ҳамчунин барои бунёди як НБО ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз мувофиқа ҳосил шудаст.
Таъкид гардидаст, ки "Elsewedy Electric" аз ширкатҳои калонтарин ва пешқадами минтақа ва ҷаҳон буда, зиёда аз 50 кишвар корхонаҳои саноатӣ дорад ва гардиши молиявиаш 6 млрд доллари амрикоӣ мебошад.
Аз ҷумла аз таҷрибаи ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ба мисли сохтмони шаҳрҳои ҳушманд, неругоҳҳои барқии обӣ, ҳароратӣ, офтобӣ ва бодӣ, роҳҳои оҳан, минтақаҳои истеҳсолӣ ва паркҳои логистикӣ ва инчунин дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ тавсиф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0