Даҳ голи футболбозони тоҷик ба дарвозаи Русия: Пирӯзии дастаи футзали Тоҷикистон

© Федерация футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана и России по футзалу в Душанбе
Сборная Таджикистана и России по футзалу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар бозии дӯстона тими Русияро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия доир гардид.
Дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ маҳорати баланд нишон дода бар ноиби қаҳрамони Аврупо пирӯз шуд. Бозӣ бар ҳисобӣ 10 ба 7 ба фоидаи тими Тоҷикистон анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупо, рӯзи якшанбе, 6-уми ноябр, ба Душанбе омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Ҳайати мунтахаби футзали Русия дар меҳмонхонаи “Румӣ” ҷой гирифт.
LIVE! Тоҷикистон – Русия / Таджикистан - Россия | Футзал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Бозии футзали Русия ва Тоҷикистон - видео
Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Русия Константин Маевский ба Душанбе 14 футболбоз овардааст – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Русия дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Дмитрий Путилов (КПРФ, Москва), Николай Балашов (“Норникел”, Норилск);
Бозигарони майдонӣ: Андрей Понкратов, Павел Симаков (ҳарду аз “Газпром-Югра”, Югорск), Дмитрий Зайтсев, Сергей Денисов (ҳарду аз “Торпедо”, Нижний Новгород), Янар Асадов, Андрей Заболонков, Артём Ниёзов (ҳарсе аз КПРФ, Москва), Павел Карпов, Егор Шишкин, Никита Фахрутдинов (ҳама аз “Синара”, Екатеринбург), Михаил Москалёв, Антон Рубсов (ҳарду аз “Ухта”).
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия, ки рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешаванд, бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов иштирок хоҳад кард.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Футбол барои духтарон: Ҳисор мизбони қаҳрамонии CAFA-2022 мешавад
Ба ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Русия 16 бозигар – 2 дарвозабон ва 14 бозигари майдонӣ даъват шудааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов (“Истиқлол”), Муродулло Алиқулов (“Амонатбанк”);
Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Дилшод Саломов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Насим Шарипов (ҳама аз “Соро компания”), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳарсе аз “Истиқлол”), Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Иқбол Воситзода (ҳарсе аз "Сипар"), Баҳодур Хоҷаев (“Истаравшан”).
Лентаи хабарҳо
0