Нигаронии Раҳмон аз нестшавии пиряхҳо ва вазъи Федченко: Ӯ шариконро ба ҳамкорӣ хонд

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкЛедник Федченко на Памире. Архивное фото
Ледник Федченко на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии иқлиму гармшавии глобалиро обшавии босуръати пиряхҳо дар кишвар арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, як ҳазораш комилан об шуда, ҳаҷми бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – Федченко ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни як ҳамоиши байналмилалӣ дар масъалаи тағйрёбии иқлим дар Миср баён дошт.
Раисҷумҳур изҳор дошт, ки аз дидгоҳаш яке аз нишондиҳандаҳои асосии ин падида обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Вай обшавии бошиддати пиряхҳои Тоҷикистонро намунаи возеҳи ин гуфтаҳо хондаст.
"Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад", - ҳушдор дод Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан роҳбарони сиёсӣ қарор дошта бошад.
Ӯ ҳамчунин пешниҳодашро зикр намуд, ки соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Массовая посевная кампания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Вазорати кишоварзӣ гуфт, чаро заминҳои Тоҷикистон камҳосил шудааст
Дар баробари ин аз пешниҳоди Тоҷикистон барои таъсис додани "Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" зикр намудаст.
Эмомалӣ Раҳмон аз созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, донорҳо ва давлатҳои пешрафта даъват намуд, ки дар масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо ҳамкориро таҳким бахшанд.
Лентаи хабарҳо
0