Имзои санади ҳамкорӣ миёни донишгоҳи бонуфузи Эрон ва Маркази таҳқиқоти стратегӣ

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Донишгоҳи Таботабоии Теҳрон ва Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон ба хотири тавсеаи ҳамкории илмӣ ва пажӯҳишӣ тафоҳумномаи ҳамкории илмӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бо тавваҷуҳ ба аҳамияти ҳамкориҳои омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва фанноварӣ миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон, Донишгоҳи Таботабоии Теҳрон ва Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тафоҳумномаи мазкур дар чаҳорчӯби тафоҳумномаҳои ҳамкории илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар ва бо ҳадафи тарвиҷу тавсеаи ҳамкории илмӣ, пажӯҳишиву иҷроӣ барои истифода аз зарфиятҳову тавонмандиҳои ду тараф дар заминаҳои мавриди алоқа дар ҳавзаи улуми инсониву иҷтимоӣ бар асоси усули баробарӣ ва манофеи муштарак ба имзо расид.
Абдуллоҳи Муътамидӣ, раиси Донишгоҳи Таботабоӣ дар маросими имзои ин тафоҳумнома гуфт: Ин донишгоҳ танҳо донишгоҳи улуми инсонии кишвар ва бузургтарин донишгоҳи улуми инсонӣ дар Ғарби Осиё аст.

“11 донишкада дорад, ки наздик ба 14 ҳазор донишҷӯ ва 550 узви ҳайати илмии собит дар ин донишкадаҳо машғул ба фаъолияти илмӣ ҳастанд. Беш аз 70 дарсади донишҷӯён дар мақтаи таҳсилоти такмилӣ ҳастанд”, - гуфт ӯ.

Ҳамчунин вай илова кард, ки донишҷӯёну донишомӯхтагони улуми инсонӣ аз зарфияти марокизи рушду навоварӣ, корофариниву парки илму фанноварии ин донишгоҳ истифода мекунанд.
Тепловоз ТЭ33А на Таджикской железной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Ҳаракати аввалин қатори транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ба Туркия
Дар ҳамин ҳол раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, бо баёни ин ки ин марказ фаъолиятҳои худро дар се бахши таҳқиқӣ, машваратӣ ва таҳлилӣ анҷом медиҳад, гуфт бештарин масоиле, ки мо бо он сарукор дорем, омӯзиши масоили ҷаҳони муосир аст.
“Мо беш аз ҳар мавриде ба омӯзиши масоили оянда тавваҷуҳ дорем”, - таъкид кард Хайриддин Усмонзода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31 октябри 2022 низ раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар сафар ба Эрон, бо раиси Муассисаи фарҳангии мутолеот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон Обид Акбарӣ, дар шаҳри Теҳрон - пойтахти Эрон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0