Ширкати IRS: Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста будан, дубора боз шуд

© Пресс-служба Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в ТаджикистанеРасчистка дороги Душанбе-Чанок
Расчистка дороги Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ иҷозат дода шуд. Ширкати IRS мегӯяд маҳдудиятҳо барои ҳама намуд нақлиётҳо бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста будан, дубора боз шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ширкати IRS.
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳбини роҳ аст бо нашри хабарномае гуфт, маҳдудиятҳо барои ҳама намуд нақлиётҳо бардошта шуд.
"Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ иҷозат дода шуд. Ба ронандагону мусофирон роҳи сафед таманно карда, бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд ва ба ҳолати техникии автомобилҳо беъэтиноӣ зоҳир накунанд",-омадааст дар хабарномаи IRS.
Барфрӯбӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Шарҳи IRS дар бораи вазъи роҳи Душанбе - Чаноқ
Рӯзи 6-уми ноябр дар пайи боридани барфи зиёд равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд ва даҳҳо мошин дар дохили нақб дармонданд. Мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доштанд, ки даҳҳо мошин дар наздикии ақби "Истиқлол" ҷамъ шудаанд.
Бархе аз ронандаҳо гила карданд, ки чанд соат дар дохили нақб дармонданд ва ғизои кофӣ надоранд. Масъулини ширкати IRS гуфтанд, дармондани мусофирон дар роҳ зиёд тӯл накашидааст ва онҳо талош карданд роҳро боз кунанд.
Дар ҳамин ҳол Ширкат хабар додааст, ки “маҳз риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ба ҷо наовардани эҳтироми ҳамдигар аз ҷониби баъзе ронандагон", боиси тамбашавӣ мегардад.
Ҳамасола бо шуруи фасли зимистон равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил мешавад. Ин масир феълан ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст.
Лентаи хабарҳо
0