Толибон: Омори дақиқ аз бекорон вуҷуд надорад

© AFP 2023 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки салиби сурх мегӯяд 700 ҳазор нафар дар Афғонистони шуғли худро аз даст додаанд, толибони зимни ради ин хабар иддао доранд омории дақиқӣ бекорӣ нест
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Муовини вазорати кор ва умури иҷтимои толибон Махдум Абдусалом Саодат эълом кард, ки омори дақиқӣ аз афроди бекор дар Афғонистон вуҷӯд надорад.
Ин мақоми толибон бо ради омори ироашуда аз сӯйи Салиби Сурх гуфт, ки омори бекории ироа аз сӯйи расонаҳо ва созмонҳо муътабар нест.
Вай дар идомаи суханони худ омори Кумитаи Салиби Сурх мабнӣ бар бекор шудан беш аз 700 ҳазор танро тайи як соли гузаштаро рад кард.
Махдум шарщ дод, ки бо роҳандозии истихроҷи маъдани мис айни замон беш аз 20 ҳазор нафари машғӯл кор хоҳанд шуд.
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Хисороти ду миллиард долларии таъғироти иқлим ба Афғонистон
Кумитаи Салиби Сурх дар Афғонистон мегӯяд, ки аз моҳи августи соли гузаштаи милодӣ то кунун 700 ҳазор шуғл дар ин кишвар аз байн рафтааст.
Ба гуфтаи ин кумита, даромад афроди шоғил низ коҳиш ёфта ва тақрибан 90 дарсади ин афрод рӯзона камтар аз 1,9 доллар даромад доранд.
Кумитаи Салиби Сурх бо нашр гузорише гуфтааст, ки бадтаршудни вазъияти башарӣ дар Афғонистон, миллионҳо мард, зан ва кӯдакро маҷбур кардааст, ки дар ҷодаҳо беруни биёянд ва рӯзона барои ба даст овардани ғизо талош кунанд.
Ин Кумита гуфтааст, ки тақрибан 20 миллион нафар дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба ғизои кофӣ дастрасӣ надоранд ва беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд. Бо ин ҳол Салиб Сурх гуфта, ки афғонҳо дар мавриди зимистони пеши рӯ нигаронӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0