Замону макони нахустин набарди Алиев дар UFC маълум шуд

© из личного архиваНурулло Алиев
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Замону макони авввалин набарди нахустин намояндаи Тоҷикистон дар созмони UFC маълум гардид, аммо номи рақибаш ҳанӯз эълон нашудааст
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Нахустин сабқати размикори тоҷик Нурулло Алиев дар UFC дар зимистони оянда баргузор мешавад.
Ба иттилои ин созмон, дебюти Нурулло Алиев 25 феврал дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невада баргузор мешавад. Алиев дар мусобиқаи UFC Fight Night 123 зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Дар ҳоли ҳозир дар мавриди рақиби размикори тоҷик дар мусобиқаи нахустинаш дар UFC ҳанӯз иттилое нест.
Қаблан Алиев эълон карда буд, ки аллакай то моҳи декабри соли равон омода хоҳад буд, ки ба майдон барояд.
Маврид ба зикр аст, ки Алиеви 23-сола моҳи сентябри соли равон дар пайи пирӯзияш бар Ҷош Уики амрикоӣ ба UFC роҳ ёфт. Ӯ аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин лигаи маъруф мебошад.
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Аввалин дар таърих: Раҳимов нишони тилои Тоскулоҳи бузургро соҳиб шуд
Қаблан размикори тоҷик роҳ ёфтан ба ин созмонро сангин арзёбӣ кард, ки нерӯю маблағи зиёд ва парҳезкориро талаб мекунад.
Аз ҷумла гуфт, ки барои омодагӣ ба ин мусобиқа чӣ қадар маблағ сарф кардааст, то роҳаш ба UFC боз шавад.
"Дар ИМА ман дар як моҳ тақрибан 8-10 ҳазор доллар сарф мекардам. Дар он ҷо барои манзили иҷора ва ғизо пули зиёд бояд пардохт. Ба ғайр аз ин, ман як мутахассиси ғизоӣ доштам. Ҳамаи ин хароҷотро ман худам ба уҳда доштам. Оилаи ман, бародаронам ба ман кумак карданд" , - гуфт ӯ.
Тавре Нурулло қайд мекунад, ӯ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар ду сол қаҳрамони вазни сабуки UFC шавад ё ба панҷгонаи беҳтарин размикорон дохил гардад, то роҳбарияти лига ҳар вақт тавонад ба ӯ мубориза барои унвони қаҳрамониро пешниҳод кунад.
Лентаи хабарҳо
0