"Сифр - партов": Азми Тоҷикистон барои коҳиши газҳои гулхонаӣ

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВетряная электростанция
Ветряная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон ният дорад, то соли 2050 ҳиссаи худро дар иҷрои стратегияи "сифр - партов" тавассути рушди “энергияи сабз” боз ҳам афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Зиёда аз 98%-и нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне "энергияи сабз" бахусус гидроэнергетика ба даст меояд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳамоиши байналмилалӣ дар Миср баён дошт. Вай таъкид намуд, ки аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.
Вай зикр намуд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ ҷумҳурӣ дар ҷойи 130-ум қарор дораду аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
Визит президента Таджикистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Мошинҳои барқию кабудизоркунӣ: Раҳмон аз талошҳо барои ҳавои тоза дар Тоҷикистон гуфт
"Ҳамзамон, мо нақша дорем, ки то соли 2050, ҳиссаи худро дар иҷрои стратегияи “сифр - партов” тавассути рушди “энергияи сабз” боз ҳам афзоиш диҳем", - гуфт ӯ.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд, ки масоили тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо захоири обӣ барорасӣ карда шаванд.
Вай афзуд, захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд ва намунаи возеҳи ин падидаро обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон зикр намудаст.
Дар зимни таъкиди масоили об, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки пиряхҳои Тоҷикистон то 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0