Дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон чанд пул сарф шуд?

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сохтмони манзил дар Тоҷикистон тайи нуҳмоҳаи аввали соли равон ҳудуди 1,1 млн метри мураббаъ ташкил додааст, ки бештараш ба Суғду Хатлон рост меояд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Давоми 9 моҳи аввали соли равон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 24% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон хабар дода, афзудаст, ки минтақаҳои нисбатан фаъол аз рӯи майдони сохтмони манзилҳо Суғду Хатлон мебошад.
Таъкид шудаст, ки дар маҷмуъ давоми январ - сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1,1 млн метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Аз ин масоҳат ба вилояти Суғд беш аз 408 ҳазор метри мураббаъ ва вилояти Хатлон наздики 267 ҳазор метри мураббаъ рост меояд.
Умдатан дар бунёди биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон бахши хусусӣ саҳм гузоштааст, на давлат.
Строительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, арзиши манзил дар Тоҷикистон гарон нест
Дар мавриди маблағи сарфшуда дар бунёди манзилҳои истиқоматӣ таъкид шудааст, ки тайи 9 моҳ ҳудуди 6,6 млрд сомонӣ сарф шудааст. Ин нишондод дар қиёс ба нуҳмоҳаи аввали соли гузашта ҳудуди 1,2 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон талабот ба манзили истиқоматӣ дар кишвар низ босуръат афзоиш ёфтааст. Ин масъала дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ ба мушкили мубрам табдил ёфтааст.
Мақомоти тоҷик азм доранд, барои қонеъ намудани талабот ба манзилҳои истиқоматӣ дар шароити камзаминӣ бештар бунёди биноҳои бисёрошёнаро роҳандозӣ намоянд. Аз ҷумла дар кӯчаҳои асосии марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ сохтмони хонаҳои аз 5 ошёна поин мамнуъ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0