Аз "Помир Аква" то панели офтобӣ: Парки технологии Дарвоз чӣ тавлид мекунад?

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонИфтитоҳи сутунпояи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи сутунпояи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти Парки инноватсионию технологии Дарвоз, ки тавлиди даҳҳо намуди маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, шинос шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шаш корхонаи Парки инноватсионию технологии Дарвоз 26 номгӯи маҳсулотро тавлид карда, зиёда за 70 сокини маҳаллиро бо ҷои кор фаро гирифтаанд.
Дар ин бора ба сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, зимни боздидаш аз парки мазкур гузориш дода шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Расулзода аз ҷумла аз коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикани "Помир Аква" низ боздид карданд.
Таъкид шудаст, ки ин коргоҳ оби чашма коркард ва ба хориҷи кишвар содирот мекунад.
Дар парк ҳамчунин тавлиди кулоҳҳои сохтмонӣ, коркарди асал, бастабандии меваю сабзавот, аз қабили нӯшокии хуч, инчунин афшураи меваю сабзавот, истеҳсоли равғани ангат ба роҳ монда шудаст.
Производство тканей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Дар 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон парки технологӣ сохта мешавад
Зимни муаррифии лоиҳаҳои ҷадид ба сарвазир иттилоъ додаанд, ки минбаъд дар заминаи Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ истеҳсоли панелҳои офтобӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар доираи ҳамкории судманди ширкатҳои кореягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарвазири мамлакат тариқи маҷозӣ имконияти ҷорӣ кардани технологияи пешрафта дар истеҳсолот рӯнамоӣ карда шуд, омадааст дар иттилоия.
Нахуствазири Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавлиди маҳсулоте, ки ба содирот равона карда шудаанд, даъват намуд.
Лентаи хабарҳо
0