Рангину мухталиф: Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон анҷом ёфт - видео

Обуна шудан
Ҳафтаи фарҳангии Эрон бо ҳузури асҳоби фарҳангу ҳунар ва муаррифии дастовардҳои Эрон дар Тоҷикистон баргузор ва ба кори худ поён дод
Беш аз 51 ҳунарманд дар арсаҳои мухталифи ҳунарҳои таҷассумӣ шомили хушнависӣ, тазҳиб, нигоргарӣ, хаттотӣ ва наққошии хат, сафолгарӣ, мушбаки филиз ва фирӯзакубӣ, дӯхту дуз бо нахи пахта, бофти фаршу гилем, Шоҳномахонӣ, варзиши зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ, гуруҳҳои мухталифи мусиқии классикӣ ва поп ва гуруҳи Шаҳпар дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ пардохтанд.
Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ ва Зулфия Давлатзода, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон пас аз баргузории як ҳафтаи чашмгиру пурмӯҳтаво ба кори худ поён дод.
Имзои санади ҳамкорӣ: Эрону Тоҷикистон пажуҳишҳои муштарак мегузаронанд
Илова бар Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кулобу Ҳисор низ аз дигар шаҳрҳое буданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар онҳо идома ёфт.
Ҳамчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва фарҳангии Эрон низ баргузор шуд.
Ҳамзамон бо баргузории айёми фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳамадмаҳдии Исмоъилӣ низ илова бар ҳузур дар ойини гушоиши ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ ва ҳунарии байналмиллалӣ бо чанд тан аз мақомоту масъӯлони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Имзои санади ҳамкорӣ миёни донишгоҳи бонуфузи Эрон ва Маркази таҳқиқоти стратегӣ
Боздид аз бурҷи Истиқлол ва чанд осорхона ва ҳузур дар маҳфили шаби шеър бо шоирони ду кишвар аз дигар барномаҳои вазири фарҳангу иршоди Эрон дар сафар ба Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0