Дар Русия бо патентҳои қалбакии муҳоҷирон мубориза мебаранд

© Sputnik / Максим БлиновТрудовые мигранты
Трудовые мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар як қатор минтақаҳои Русия, аз ҷумла дар вилояти Калуга, аз истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани патентҳои меҳнатӣ ҷилавгирӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 8 ноя— Sputnik. Дар вилояти Калуга шумораи патентҳои меҳнатии додашуда кам шудааст, гуфт раиси вилоят Владислав Шапша зимни ҷаласаи ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти федералии минтақавӣ.
Вазъи муҳоҷират дар минтақа дар пасманзари суханронии ахири раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо аъзои Шӯрои амният баррасӣ шуд. Супориш дода шуд, ки консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират ислоҳ карда шавад.
"Дар минтақаи мо дар ин самт аллакай як қатор қарорҳои ҷиддӣ қабул кардаем. Мо истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани патенти меҳнатиро пешгирӣ мекунем", - қайд кард Шапша.
Вай таъкид кард, ки теъдоди патентҳои додашуда бояд ба талаботи иқтисоди минтақа мувофиқат кунад. Ҳамин тариқ, дар нуҳ моҳи гузашта 875 иҷозатномаи қаблан додашуда, аз ҷумла 74 муҷаввиз барои будубоши муваққатӣ, 22 муҷаввиз барои зист ва 779 патент бекор карда шудааст.
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия
Бино ба гузориши ӯ, дар ин минтақа низ муқовимат алайҳи издивоҷҳои бардурӯғ ва сабти номи ғайриқонунии муҳоҷират идома дорад. Ҳамин тариқ, 77 нафар депорт ва 201 нафари дигар аз Федератсияи Русия ихроҷ карда шуданд. Илова бар ин, аз аввали сол то ҳол ҳудуди 1000 ҷиноят дар самти муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешгирӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0