Шикасти Тоҷикистон аз Русия дар бозии дувуми дӯстӣ

© Федерация футбол ТаджикистанаИгра сборных РФ и Таджикистан по футзалу в Душанбе
Игра сборных РФ и Таджикистан по футзалу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар бозии дувуми дӯстона аз тими Русия шикаст хурд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия доир гардид.
Дастаи Русия дар бозии дувум ҳушмандиву эҳтиёткорӣ нишон дод. Тими Русия дар бозии дувум аз чанд иштибоҳҳои тими Тоҷикистон истифода бурд. Хулоса ноиби қаҳрамони Аврупо ба дарвозаи тими Тоҷикистон 6 гол зад. Бозӣ бо ҳисоби 6 ба 2 ба фоидаи тими Русия анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш бозии аввалини дӯсти миёни тимҳои Русия ва Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар озии аввал тими Тоҷикистон пирӯз шуда буд. Бозии аввал бар ҳисоби 10:7 ба ҳисоби Тоҷикистон анҷом ёфита буд.
Сборная Таджикистана и России по футзалу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Даҳ голи футболбозони тоҷик ба дарвозаи Русия: Пирӯзии дастаи футзали Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупо, рӯзи якшанбе, 6-уми ноябр, ба Душанбе омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Ҳайати мунтахаби футзали Русия дар меҳмонхонаи “Румӣ” ҷой гирифт.
Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Русия Константин Маевский ба Душанбе 14 футболбоз овардааст – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ.
Лентаи хабарҳо
0