Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Таҷрибаи ҷангу диверсия доранд: Генерал гуфт, киҳо дар марз бо Тоҷикистон ҷамъ омадаанд

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничная вышка в Киргизии. Архивное фото
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
Вазъият дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон мояи нигаронӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шудаст. Хатари асосӣ таҷаммӯи ҷангиён мебошад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муташанниҷ, вале таҳти назорат аст.
Ин нуктаро сардори Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ИДМ генерал-полковник Александр Манилов дар суҳбат бо РИА "Новости" баён дошт.
"Вазъият душвор, муташанниҷ, аммо таҳти назорат аст", - таъкид кард генерал-полковник.
Вай зикр намуд, ки аввали моҳи ноябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ИДМ баргузор гардид. Ширкаткунандагони чорабинӣ вазъи марзҳои хориҷии Иттиҳод ва ҳамчунин самти Афғонистонро баррасӣ карданд, иттилоъ дод Манилов.
Генерал изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи махсус ба таҷаммӯи ҷангиён дар навоҳии наздимарзии Афғонистон зоҳир гардид.
Евгений Сысоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Ҳушдори раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ аз хатари ДОИШ* ва вазъи Афғонистон
"Баъзеи онҳо аз минтақаҳои ҷангӣ омадаанд, ки мояи нигаронии хосанд, чун инҳо на танҳо одамоне ҳастанд, ки дар тарафи дигар ҳастанд, балки омӯзишдидаанд, чӣ тавр истифода бурдани силоҳ, анҷом додани диверсия ва ҳамлаҳои террористиро медонанд", - гуфт Манилов.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Вай афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.
Раҳмон ҳамчунин татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро таъкид намуд.
Лентаи хабарҳо
0