Ҳинд: Ҷаҳон нигарони фаъолияти терроризм аз Афғонистон аст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Индии С. Джайшанкар
Глава МИД Индии С. Джайшанкар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Ҳинд ахиран гуфт, ки ҷаҳон нигарони террористҳое аст, ки аз Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазири хориҷаи Ҳинд Субраманям Ҷайшанкар ахиран дар нишастии хабарӣ дар Маскав таъкид кард, ки ҷаҳон набояд Афғонистонро фаромуш кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”
Вазири хориҷа Ҳинд мегӯяд, ки тероризму террористҳои фаъол дар Афғонистон ҳамчунон як нигаронии ҷаддӣ барои ҷаҳон боқӣ мондаанд.

“Ҷомеъаи байналмилалӣ бо далоили муваҷҷаҳ нигарониҳое дар мавриди тероризм ва террористҳое дорад, ки аз Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар фаъолият мекунанд”, - гуфт Субраманям Ҷайшанкар.

Дар идома Джайшанкар таъкид кард, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ба вижаи ҳамсоягон бояд бо як дигар ҳамкорӣ кунанд то итминон ҳосил шавад, ки ҳеҷ таҳдиди террористӣ аз Афғонистон вуҷӯд надорад.
Эмомали Рахмон президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Баррасии вазъи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа миёни Раҳмон ва Гутерриш
Вазири хориҷаи Ҳинд нисбат ба вазъияти инсонӣ дар Афғонистон низ изҳор нигаронӣ кард ва гуфт, дар ин замина тавваҷуҳи лозим аз сӯии кишварҳо сурат намегирад.
Ҳамзамон Сергей Лавров, вазири хориҷа Русия гуфт, ки нишаст “Формати Маскав” дар мавриди Афғонистон дар ҳафтаи оянда баргузор мешавад ва сиёсиюн ба шумули толибон дар ҷараён қарор мегиранд.
“Албата, мо ҳеҷ рози пинҳонӣ аз намояндагони ҳукумат Афғонистон надорем. Мо натоиҷи нишастро ба толибон ва соири неруҳои сиёсии он кишвари итилоъ хоҳем дод”, афзуд Лавров.
Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов, эълом карда буд, ки дар нишасти Маскав намояндагони толибон ҳузур нахоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0