Мулоқоти рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился с премьер-министром Пакистана Шахбазом Шарифом
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился с премьер-министром Пакистана Шахбазом Шарифом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Миср раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сарвазири Покистон масоили ҳамкории ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шаҳбоз Шариф сарвазири Покистон сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбати самимӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон захмӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд мулоқот карда буд.
Мавзӯи аслии музокироти раҳбарони кишварҳо он замон равобити дуҷониба ва ҳамчунин вазъи Афғонистон буд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор карда буданд.
Ҳамчунин роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои кишварҳоро дар заминаи амниятиро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0