Раҳмон: Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон принял участие в праздновании 25-летия создания Десантно-штурмовой бригады Вооруженных Сил Республики Таджикистан
Эмомали Рахмон принял участие в праздновании 25-летия создания Десантно-штурмовой бригады Вооруженных Сил Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури кишвар мегӯяд гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон, аз ҷавонон ва имконияту воситаҳои технологии муосир истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Хатари ҷиддие, ки метавонадт ба оромиву суботи ҷомеаи Тоҷикистон халалдор созад, шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Ба гуфтаи президенти кишвар ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳо ва кӯшишҳои халалдор сохтани вазъи муътадили ҷомеа ҳамеша ҳушёру омода бошанд.
Вай гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин раванд бояд ба масъалаи баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд.
“Имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд, ки ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва чораҷӯии роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад”,- афзуд Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомали Рахмон президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Баррасии вазъи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа миёни Раҳмон ва Гутерриш
Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин қайд кард, ки дар натиҷаи кӯшишу талошҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тавассути гузаронидани амалиётҳои махсус садҳо нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дастгир ва ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шудаанд.
Вай илова кард, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд.
Лентаи хабарҳо
0