Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд

© Sputnik / Валерий МельниковЗаместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
Муовини раиси ҳукумати Русия бо мақомдорони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе масоили марбути муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карда, аз ниятҳо дар ин бахш гуфт
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар самти шароити муҳоҷирати корӣ дар Русия бархе сабукию беҳбудиҳо сурат хоҳанд гирифт.
Дар ин бора ноиби раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар пайи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ФР ва Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ иттилоъ дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт, дар назар аст, замимаи мобилиро фаъол созанд, ки барои муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи кору анҷоми расмиёти зарурӣ кумак намояд. Ҳамчунин аз тариқи ин замима имкони гирифтани хадамоти давлатӣ фароҳам хоҳад шуд, афзуд ноиби раиси ҳукумати Русия.
Дар баробари ин роҳандозии хадамоти онлайнӣ дар назар аст, ки бо дақиқияти баланд маълумот дар бораи мамнуъ будани вуруд ба Русия барои шаҳрвандони алоҳидаро пешниҳод менамояд, изҳор дошт Оверчук. Ин феълан боиси сар задани бархе мушкилот шудааст, илова намуд ӯ.
Встреча заместителя министра просвещения России Дениса Грибова с первым замминистра образования и науки Таджикистана Джамшедом Джуразода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Дар Душанбе масъалаи тақвияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ваъдаҳо барои осонсозии кору иқомоти муҳоҷирон дар Русия дар ҳолеянд, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР меравад. Маблағи интиқолдодаи онҳо манбаи аслии таъмини хонаводаҳояшон арзёбӣ мегардад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи муҳоҷират гуфт, танзими ин масъаъа аз мавзуъҳои муҳиму аслии суҳбатҳо бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин мебошад.
Дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба соддагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд, изҳор дошта буд Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки ҳукумат ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷират таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Лентаи хабарҳо
0