Эрон аз Саудӣ хост, ки сабрашро сар наёрад, вагарна оромиро намебинад

Флаг Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Теҳрони расмӣ Риёзро дар даст доштан дар нооромиҳои дохилияш муттаҳам карда, хост сабрашро сар наорад, вагарна дар сурати посух оромиро нахоҳад дид.
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раиси хадамоти кашф ва вазири иттилооти Эрон Исмоил Хатиб, ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, ки Теҳрон ба идомаи сабри худ ба таҳрики авзоъ дар кишвар кафолат намедиҳад.
"Ҳама гуна бесуботӣ дар Эрон метавонад ба кишварҳои минтақа низ паҳн шавад. То кунун Эрон бо таҳаммули қатъӣ сабри стратегиро нигоҳ доштааст, аммо ҳеҷ кафолате намедиҳад, ки дар сурати идомаи амалҳои душманона онро нигоҳ медорад", - навиштааст, хабаргузории "Форс" аз қавли Хатиб.
Мавсуф гуфтааст, ки бешак, агар Эрон посух диҳад, онҳо суботро нахоҳанд дид.
Ин ҳушдор ба фаъолиятҳои зиддиэронии телевизиони Саудӣ Iran International марбут аст, ки кормандони он дар Эрон ба таблиғоти миёни ҷавонон машғул буда, онҳоро ба тазоҳурот даъват мекунанд.
Якуним моҳ аст, ки дар Эрон ошӯб идома дорад, ки дар миёнаҳои моҳи сентябр дар иртибот бо марги Маҳсо Аминӣ ном ҷавонзани эронӣ, ки пас аз боздошти ӯ аз сӯи ноиби пулис оғоз шуда буд.
Эътирозҳо ва ошӯбҳо асосан дар вилоятҳои Гилон, Ҳузистон, Сиистону Балуҷистон, Теҳрону Курдистон сурат мегиранд.
Участники акции протеста в центре Тегерана, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Теҳрон: Нооромиҳоро дар кишвар ИМА ташкил кардааст
Мақомоти Эрон кишварҳои ғарбиро ба пуштибонӣ аз эътирозгарон муттаҳам мекунанд, ки дар расонаҳои худ паёмҳои дорои хусусияти тахрибкорона, зиддиэронӣ ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии қудрат дар Эронро пахш мекунанд.
Тазоҳургарон ба таври муназзам ба кормандони нерӯҳои амниятӣ - полис, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, воҳиди низомии элитаи Эрон), инчунин аъзои яке аз сохторҳои асосии низомии он - Басиҷ ҳамла мекунанд.
Рӯзи 13 сентябр Аминиро ноиби пулис дар Теҳрон боздошт ва барои сӯҳбати фаҳмондадиҳӣ ба яке аз марокизи "Фараж"-и идораи пулис ва хадамоти кашфи низомӣ фиристоданд. Тибқи иттилои расмӣ, ин духтар сактаи қалб дошт ва баъд аз он фавран ба бемористон интиқол ёфтааст, аммо пас аз се рӯз мефавтад.
Сокинон дар марги Маҳса ноиби пулисро айбдор карданд. Мардуми шаҳрҳои гуногуни кишвар ба нишони эътироз дар кӯчаҳо ҷамъ омадаву даст ба гирдиҳамоиҳо заданд.
Лентаи хабарҳо
0