Фаъолияти 134 ширкати муштараки Туркия дар Тоҷикистон

© Вазорати рушди иқтисод ва савдои ТоҷикистонМулоқоти вазирони Туркия ва Тоҷикистон дар Душанбе
Мулоқоти вазирони Туркия ва Тоҷикистон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Душанбе равибити тиҷорӣ ва ҷалби сармоягузории Туркия ба иқтисод Тоҷикистон ва ифтитоҳи корхонаҳои саноатии муштарак баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Густариши ҳамкории иқтисодии дуҷонибаи Туркияву Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш баррасӣ шуд, иттилоъ додаас вазорати рушди иқтисоди кишвар.
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки ҳарчанд тиҷорати дуҷониба соли 2021 ба андозаи 21 фоиз ё то 391 млн доллар рушд кард, ҳаҷми он бо назардошти захираву имконияти васеи тарафҳо Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад.
“Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак дар бахши истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пӯст, меваю сабзавот, хӯрокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шаванд”, - иттилоъ додааст вазорат.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷониби Туркия пешниҳоди Тоҷикистон пазируфтааст.
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Таъсиси корхонаҳои муштараки саноати сабук аз ҷониби Туркия дар Тоҷикистон
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар ҳошияи сафари ҳайати Туркия ба Тоҷикистон Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид, ки дар доираи он ду санади муҳим — “Харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2023-2025” ва “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Туркия оид ба ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ” ба имзо расонида шуданд.
Манбаъ хабар додааст, ки ин санадҳо барои то 1 млрд доллар зиёд намудани гардиши савдои дутарафа ва ҷалби сармояи Туркия мусоидат хоҳанд кард.
Ҷониби Туркия омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён намуд.
Лентаи хабарҳо
0