Шавкат Мирзиёев: Мо бояд Афғонистонро кумак кунем

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Обуна шудан
Ӯзбекистон аз роҳбарони кишварҳое, ки шомили Созмони кишварҳои туркзабон мешаванд хоҳони тарвиҷи сулҳ дар Афғонистон шуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, ахиран эълом кард, ки Ӯзбекистон аз раҳбарони кишварҳое, ки шомили Созмони кишварҳои туркзабон мебошад хоҳони тарвиҷи сулҳ дар Афғонистон шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Раисҷумҳури Ӯзбекистон қайд кард, ки ин созмон бояд дар барқарории сулҳу бозсозии иқтисодии Афғонистонро кумак кунад.
Оқои Мирзиёев дар суханрониаш, ки дар аввалин иҷлоси Созмони кишварҳои туркзабон, ки дар Самарқанди баргузор мешавад, гуфт: ба назарам кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркзабон бояд дар ростои эҷоди сулҳи пойдор ва беҳбудии иқтисодии Афғонистон саҳим бошанд ва пешниҳод мекунам ба вазоратҳои хориҷаи кишварҳоямон дастури диҳем то талошҳои дипломатиро дар ин росто ташдид кунанд.
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Ба ақидаи вай, Афғонистон ва мардум он набояд бидуни кумак раҳо шаванд, зеро инзивои Афғонистон на танҳо мунҷар ба тундгароӣ шудан дар дохили ин кишвар хоҳад шуд, балки бар вазъияти саросари Осиёи марказии таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон (Шӯрои турк), ки дар соли 2009 таъсис шуд, дар ноябри 2021 дар иҷлоси Истонбул тасмим гирифт номи худро ба Созмони кишварҳои туркзабон тағйир диҳад.
Ба ин созмон кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Туркманистон шомили ин созмон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0