Баррасии тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон

© МИД ТаджикистанаПолитические консультации между министерствами иностранных дел Таджикистана и Туркменистана
Политические консультации между министерствами иностранных дел Таджикистана и Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Ишқобод дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Туркманистон, ҳамкориҳои судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Ашқобод даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва ҳайати Туркманистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Ҳоҷиев, зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар масоили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои тақвияти ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баён намуданд.
Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Тасмими Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорон
Инчунин тарафҳо дар бораи такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳои нақлиётӣ миёни ду кишвар изҳори назар карданд.
Масъулон ҳамчунин аҳамияти идомаи муколамаи муқарраршуда дар сатҳҳои гуногунро барои диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкории судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад, таъкид намуданд.
Лентаи хабарҳо
0