Русиягиҳо барои таҷлили Соли нав ба Тоҷикистон зиёд меоянд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВстреча Нового года в регионах России
Встреча Нового года в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое, ки русиягиҳо мехоҳанд, таътилҳои солинавияшонро он ҷо гузаронанд, дар зинаи дуюм қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Коршиносон хатсайрҳои ҳавоии маъруф миёни русиягиҳо дар Соли нави мелодиро ном бурданд, Тоҷикистон низ аз ҷамлаи онҳост.
Бар асоси пойгоҳи Tutu.ru, 7,3%-и муштариён чиптаҳоро барои Соли нав ба кишварҳои хориҷи наздик ва 2,9% ба кишварҳои хориҷи дур харидорӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, камтар аз 1%-и русиягиҳое, ки азми сафар дар рӯзҳои таҷлили соли навро доранд, ба Аврупо хоҳанд рафт. Ҳудуди 88,9%-и дигар нақша доранд, ки дар худи Русия гардишгарӣ кунанд.
Маҳбуртарин самтҳои хориҷӣ дар рӯзҳои таҷлил аз соли нав Ӯзбекистон (17%), Тоҷикистон (12%) ва Арманистон (11,2%) арзёбӣ шудаанд, ки ба сегонаи аввал дохил мебошанд.
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Тоҷикистон ба макони маҳбуб барои русҳо табдил ёфт
Илова бар ин, Беларус, Қирғизистон, Туркия, Озарбойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Исроил кишварҳои маъруф боқӣ мондаанд.
Нархи миёнаи чипта барои парвоз ба кишварҳои хориҷи наздик тақрибан 13,7 ҳазор рубл аз як тарафро ташкил медиҳад.
Дар мавриди сафар дар дохили Русия, зикр гардидаст, ки аксари парвозҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба Маскав (19,8%) ва Санкт-Петербург (11,2%) ба нақша гирифта шудаанд.
Илова бар ин, Сочи, Минералние Води, Калининград, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск, Тюмен ва Мурманск аз 29 декабр то 8 январ ба даҳгонаи пешсаф дохил гардидаанд.
Нархи парвоз дар дохили Русия дар рӯзҳои таҷлили Соли нав аз як тараф тақрибан 9,2 ҳазор рубл ва ба Аврупо 38,2 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0