Россотрудничество ба мактабҳои Душанбе 2000 китоб туҳфа кард

© Россотрудничество Россотрудничество передало школам столицы Таджикистана 2 тыс книг
Россотрудничество передало школам столицы Таджикистана 2 тыс книг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар маросими супоридани китобҳои дарсӣ сафири Русия дар Тоҷикистон ва раҳбари намояндагии Россотрудничество ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Чаҳор мактаби Душанбе аз сӯи Россотрудничество ҳудуди 2000 номгӯй адабиёти методӣ, бадеӣ ва таълимиро дарёфт карданд.
Дар маросими супоридани китобҳои дарсӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ширкат дошт.
"Иштирок дар маросими супоридани китобҳо ба мактабҳои шаҳри Душанбе барои ман ифтихори бузург аст. Хусусан хуш аст, ки ин чорабинӣ бо ифтитоҳи нимпайкараи барқароршудаи шоири бузурги рус А.С.Пушкин дар мактаби рақами 20 рост омад, - гуфт дипломат.
Вай қайд кард, ин кафолати он аст, ки дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон умри дароз хоҳад дошт.
Ҳамчунин, раиси идораи Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов гуфт, "таъмини адабиёт ба мактабҳо ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ кори муқаррарӣ аст, ки Россотрудничество анҷом медиҳад".
Ба гуфтаи ӯ, талабот ба китоб ба забони русӣ дар кишвар зиёд аст, аз ин рӯ мо ин рисолати муҳим ва заруриро пайваста иҷро карда истодаем. То охири сол ба мактабҳои ҷумҳурӣ боз миқдори зиёди китобҳо дода мешавад.
Встреча заместителя министра просвещения России Дениса Грибова с первым замминистра образования и науки Таджикистана Джамшедом Джуразода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Дар Душанбе масъалаи тақвияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли 2022 намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба мактабҳои кишвар ҳудуди 11,3 ҳазор китоб ҳадя кардааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр бо ширкати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ баргузор шуда буд.
Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд. Дар ҳар як мактаб 1200 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва ба онҳо муаллимони забони русӣ таълим медиҳанд. Барнома махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0