Барои сокинони вилояти Суғд парвоз ба Маскав осонтар мешавад

Самолет авиакомпании Utair - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҷорӣ шудани хатсайри нав миёни Русия ва Ӯзбекистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки масрафоти онҳо барои сафар ба Маскав ба маротиба кам шавад
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ширкати Utair шумораи парвозҳоро дар масири Маскав-Самарқанд зиёд мекунад. Дар ин бора дар вебсайти расмии ширкати ҳавопаймоӣ хабар нашр шудааст.
Парвозҳо рӯзҳои душанбе аз 14 ноябр ба нақша гирифта шудаанд. Ҳавопаймо аз Москва соати 12-40, аз Самарканд — соати 20:00 парвоз мекунад.
Бо назардошти 3 парвози фаъол, акнун ҳар ҳафта ҳавопаймоҳо 4 маротиба – рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе ва шанбе ба парвоз шурӯъ мекунанд.
Сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳрҳои бузурге чун Хуҷанду Панҷакент аз тағйири ҷадвал суд хоҳанд дид. Зеро аз Самарқанд самти Маскав нисбат ба сафар аз Душанбе ба Русия наздики 300-500 сомонӣ арзонтар аст.
Общественный транспорт в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли ҷорӣ хатсайри нави автобус байни Панҷакент ва Самарқанд роҳандозӣ шуд.
Масофаи байни шаҳрҳо тақрибан 64 км, вақти тахминии сафар 1,5 соат аст.
Лентаи хабарҳо
0