Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт: Чаро?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРабочий визит Эмомали Рахмона в Согд
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд раисҷумҳури Тоҷикистонро роҳбари вилояти Суғд ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими вилояти Суғд шуд, хабар дод дафтари матбуоти президенти кишвар.
Ба иттилои манбаъ, мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон мебошад.
Ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон аз аҳдофи дигари сафари корӣ ба вилояти Суғд арзёбӣ шудаанд. Дар рӯзҳои сафари Тоҷикистон дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд роҳбандӣ эълон гардидаст.
Аз ҷумла маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои Суғд аз 13 ноябр шурӯъ шуда, то санаи 16 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Аз шаҳрвандон даъват шудааст, дар рӯзҳои маҳдудияти ҳаракат аз масирҳои ҳамшафат истифода баранд.
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2022
Эълони 4 рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз кай ва дар кадом шаҳру ноҳияҳо
Маврид ба зикр аст, ки қаблан гуруҳи дигар, аз ҷумла иштирокдорони иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба вилояти Суғд рафтанд. Дар ин миён аз ҷумла собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров низ ҳузур доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки 30 сол муқаддам дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни баргузории Иҷлосияи 16 уми Шӯрои олӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Қарор аст, тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб баргузор шаванд.
Лентаи хабарҳо
0