Оғоз бо голборон: Тими наврасони Тоҷикистон дастаи Туркманистонро шикаст дод

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2022
Обуна шудан
Нахустин бозӣ дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ё худ CAFA-2022, ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, бо пирӯзии дастаи мизбон анҷомид
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тими мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов ҳамтоёни худро аз Туркманистон бо ҳисоби 9:0 шикаст доданд.
Сабқати мазкур дар доираи мусобиқаи CAFA-2022 миёни наврасони то 14-сола, ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, сурат гирифт. Мусобиқаи мазкур то 18 ноябр идома хоҳад дошт.
Дар чемпионати CAFA-2022 ба ҷуз аз тими мизбон боз чаҳор дастаи дигар – Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Футболбози рус интизориҳояшро аз сабқат бо тими Тоҷикистон баён дошт
Аз ҷумла рӯзи 14 ноябр бозии наврасони Тоҷикистон — Ӯзбекистон, рӯзи 16 ноябр Эрон — Тоҷикистон ва 18 ноябр Тоҷикистон — Афғонистон дар назар аст.
Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат 10 бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат мегиранд.
Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бо ҳамдигар бозӣ мекунад. Тими ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ як воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мебошад. Он 10 июни соли 2014 таъсис ёфта, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кард.
Лентаи хабарҳо
0