Коргоҳи нави қолинбофӣ дар Суғд - самараи ҳамкории соҳибкорони тоҷику ӯзбек

© Sputnik Амир ИсаевПроизводство на Кайраккумском Ковровом Комбинате
Производство на Кайраккумском Ковровом Комбинате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳамкории ҳунармандони Тоҷикистону Ӯзбекистон тавсеа ёфта, имконияти васеъ барои таъсиси коргоҳҳои ҷадид ва рушду муаррифии ҳунарҳои дастӣ фароҳам шудаст
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии "Субҳия"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур дар масоҳати 288 метри мураббаъ ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Примқул Сатторқулов бунёд карда шудааст.
"Таъсиси коргоҳ самараи судманди ҳамкориҳои соҳибкорону ҳунармандони тоҷику узбек мебошад. Ҳамкории ҳунармандони Тоҷикистону Ӯзбекистон тавсеа ёфта, он имконияти васеъ ва баҳри таъсиси чунин корхонаҳо, рушду муаррифии ҳунарҳои дастӣ мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Ифтитоҳи коргоҳи қолинбофӣ дар Бӯстон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Ифтитоҳи нахустин коргоҳи қолинбофии дастӣ дар Тоҷикистон
Таъкид гардид, ки дар коргоҳ 11 адад таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб карда шуда, барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардидааст.
Дар ин дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ тавлид карда мешаванд, таъкид намуд дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Таъкид гардидаст, ки яке аз самтҳои фаъолият, ин ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳаҳои Ҳазорчашма, Панҷбоғ, Муҷун ва Истиқлол мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкор дар самти рушди ҳунари дастӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ин маркази ҳунармандиро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойҳои корӣ ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0