"Ин бозии нав нест": Шарҳи Лавров дар бораи фейки беморшавияш - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Паҳнсозии хабарҳои бардурӯғ дар мавридид бемории сиёсатмадорон бозии нав нест ва қаблан чунин хабарпароканиҳо дар мавриди президенти Русия низ ҷой доштанд
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров машғули кор бо санадҳост, барои ҳамоиши Бистгонаи бузург дар Бали омодагӣ дорад.
Намояндаи ВУХ Русия, Мария Захарова бо нашри як навор хабарҳои паҳншуда дар расонаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ғарб дар мавриди бистаришавии Лавров дар Балиро рад кард.
Захарова ба ҳайси далел дар саҳифаааш дар "Telegram" видеоро нашр кардааст, ки дар он Лавров машғули кор бо варақҳост.
Ба дархости шарҳи хабарҳои паҳншуда, Лавров изҳор дошт, дар бораи бемории президенти Русия низ 10 сол боз хабарҳо паҳн мекунанд. Ин бозии нав дар сиёсат нест, изҳор дошт вазир.
Ҷинпин ба Байден роҳ сӯи суботи ҷаҳониро нишон дод
Ӯ ба рӯзноманигорони ғарбӣ маслиҳат дод, ки ҳақиқатро бештар нависанду дар матолибашон танҳо ба як тараф иктифо нанамоянд, умдатан дар ҳамаи масоили марбути Русия ҷой доранд.
Дар пайи ин Лавров русиягиҳоро барои ҳимоят аз сиёсати хориҷӣ сипос гуфт, ки онро раисҷумҳур, Владимир Путин муайян мекунаду Вазорати умури хориҷӣ дар доираи имконоташ амалӣ месозад.
Мулоқоти 17-уми Бистгонаи бузург рӯзҳои 15 - 16 ноябр дар Индонезия баргузор мегардад, ки ҳайати Русияро дар он Лавров роҳбарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0