Макрон: бояд ба музокироти Маскаву Киев даст ёфт

© AP / Thibault CamusПрезидент Франции Эммануэль Макрон на встрече с Владимиром Путиным в Москве
Президент Франции Эммануэль Макрон на встрече с Владимиром Путиным в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Обуна шудан
Даъвати президенти Фаронса барои музокирот дар ҳолест, ки Маскав омодагияшро борҳо барои гуфтушунид борҳо баён доштааст, аммо Киев таъхркорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тамоми талошу нерӯи дипломатӣ бояд барои даст ёфтан ба музокоирот миёни ҷонибҳои даргир дар Украина равона гардад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Фаронса, Эммануэл Макрон дар суҳбат бо радиои "France Inter" баён доштаст.
"Мо бояд ҳафтаҳои наздик тамоми талошро равона созем, ки ҷонибҳо сари мизи музокирот нишинананд", - изҳор дошт ӯ.
Дар зимн таъкид намудаст, ки гуфтушунидҳо бояд аз ҷумла барои раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский ва мардуми ин кишвар мақбул бошад.
Ин дар ҳолест, ки Маскав ҳеч гоҳ музокиротро рад накардааст, гуфт қаблан вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров.
"Онҳое, ки рад мекунанд, бояд донанд, ки ҳар қадаре онҳо ба дарозо мекашанд, ҳамон қадар ёфтани забон мушкилтар мешавад", - изҳор дошта буд Лавров.
Переговоры министров иностранных дел РФ и Венесуэлы С. Лаврова и К. Фариа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2022
Изҳороти муштарак дар Камбоҷа қабул нашуд: Лавров сабабашро гуфт
Ӯ таъкид намуд, ки Маскав медонад, чӣ тавр ба ҳадафҳои гузоштааш расад.
Лавров зикр намуд, ки Маскав нимаи моҳи апрел ба ҷониби Украина бо назардошти усулу мантиқҳои пешниҳодкардаи Киев ба онҳо санад пешниҳод намуд. Аммо аз он замон инҷониб ҳеч садое аз онҳо шунида намешавад, гуфт ӯ.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Лентаи хабарҳо
0