Наврасони тоҷик ҳамтоёни ӯзбекистонияшонро голборон карданд

© Дафтари матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонДастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон - "U-14"
Дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон - U-14  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Обуна шудан
Тими наврасони то 14-солаи Тоҷикистон дастаи ҳамсолонро аз Туркманистону Ӯзбекистон шикаст дода, дар назар аст, бо тими Эрон зӯрозмоӣ кунад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - "U-14" таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов мунтахаби наврасони Ӯзбекистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозии мазкур дар доираи мусобиқоти байналмилалии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, CAFA-2022 дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.
Мулоқоти навбатии наврасони тоҷик бо ҳамсолони эронияшон дар назар аст. Ин бозӣ баъди зуҳри 16 ноябр дар варзишгоҳи Ҳисор таъйин шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки наврасони то 14-солаи Тоҷикистон ҳамтоёни худро аз Туркманистон бо ҳисоби 9:0 шикаст доданд.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Футболбози рус интизориҳояшро аз сабқат бо тими Тоҷикистон баён дошт
Сабқати мазкур низ дар доираи мусобиқаи CAFA-2022 миёни наврасони то 14-сола, ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, сурат гирифт. Мусобиқа то 18 ноябр идома хоҳад дошт.
Дар чемпионати CAFA-2022 ба ҷуз аз тими мизбон боз чаҳор дастаи дигар – Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Бозии наврасони Тоҷикистон бо тими Афғонистон 18 ноябр дар назар аст.
Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат 10 бозӣ баргузор мешавад. Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бо ҳамдигар бозӣ мекунад. Тими ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ як воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мебошад. Он 10 июни соли 2014 таъсис ёфта, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кард.
Лентаи хабарҳо
0